Муовини якуми раис
Олифта Имомдод Ғуломесуф
Олифта Имомдод Ғуломесуф 30 июли соли 1992 дар деҳаи Занудҷи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Рошткалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ба номи Шоҳфутур Муҳаббатшоҳ гирифтааст.
Соли 2010 ба факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил шуда, соли 2014 онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Ҳамон сол ба магистратураи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дохил шуда, соли 2016 таҳсилашро бо муваффақият анҷом додааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2017 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассис оғоз намуда, баъдан дар вазифаи мутахассиси пешбар ва аз 3 сентябри соли 2018 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалӣ кор кардааст.
Аз 27 августи соли 2018 ёвари ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, баъдан ассистенти кафедраи «Ҳуқуқ ва методикаи таълими он» буда, аз 11 октябри соли 2019 вазифаи котиби Шӯрои олимони ҳамин донишкадаро ба ӯҳда доштааст.
Аз 3 апрели соли 2020 то имрӯз ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Рошткалъа фаъолият менамояд.
Аз 22 ноябр то 1 декабри соли 2022 дар доираи «Барномаи омӯзишии Семаул» дар Ҷумҳурии Корея курси такмили ихтисосро гузаштааст.
Муаллифи зиёда аз 34 мақолаи илмӣ, як дастури методӣ ва як китоб мебошад.
Оиладор буда, соҳиби ду фарзанд аст.