Роҳбари дастгоҳ Асанбек Умед Ҷумабек
Асанбек Умед Ҷумабек 19 сентябри соли 1983 дар деҳаи Дирзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2001 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и деҳаи Шикуши ноҳияи Рошткалъаро бо баҳоҳои хубу аъло хатм намудааст.
Соли 2003 ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил шуда, баъди як соли таҳсил дар шуъбаи рӯзона ба шуъбаи ғоибона гузаштааст. Соли 2009 донишгоҳро бо ихтисоси таърихшинос-ҷомеашинос бо муваффақият хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2002 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Ҷавшангоз оғоз намудааст. Соли 2007 ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ таъин шуда, солҳои 2008–2017 ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ ва аз соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 директори ҳамин муассиса будааст.
Аз моҳи октябри соли 2019 то имрӯз ба ҳайси раиси Ҷамоати деҳоти Сежди ноҳияи Рошткалъа фаъолият менамояд.
Барои меҳнати самаранок ду маротиба бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Рошткалъа, инчунин бо ифтихорномаҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия қадрдонӣ шудааст.