Муовини Раис ноҳия оид ба корҳои иҷтимоӣ Риҷаббекзода Манзура Ҷомӣ
Риҷаббекзода Манзура Ҷомӣ 20 апрели соли 1972 дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Рошткалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.
Соли 2001 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 1993 ба ҳайси омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Рошткалъа оғоз намуда, то соли 2001 дар ҳамин вазифа кор кардааст.
Солҳои 2001–2014 котиби Ҷамоати деҳоти Тусён буда, аз моҳи июни соли 2014 то моҳи феврали соли 2019 вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Рошткалъаро ба ӯҳда доштааст.
Аз моҳи марти соли 2019 то имрӯз ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рошткалъа фаъолият менамояд.
Аз соли 2002 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Забони русиро медонад.