Муовини Раис ноҳия оид ба корҳои идеалогӣ Хуромон Оқилшо Отамшо
Хуромон Оқилшо Отамшо 25 декабри соли 1972 дар деҳаи Хидорҷеви Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Рошткалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1980 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 (ҳоло №9)-и деҳаи Хидорҷев дохил шуда, онро соли 1990 хатм намудааст.
Солҳои 1993–1998 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳсил кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 1990 ба ҳайси омӯзгори забони модарии мактаби миёнаи №5 оғоз намуда, то соли 1993 дар ҳамин вазифа кор кардааст. Солҳои 1998–1999 омӯзгори забони форсии мактаби миёнаи №9 будааст.
Солҳои 1999–2009 ба ҳайси ходими хурди илмии Шуъбаи онтология ва гносиологияи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар ин давра солҳои 2001–2002 омӯзгори забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2002–2003 омӯзгори забонҳои арабӣ ва форсии литсейи «Олӣ Сомон» ва солҳои 2003–2010 омӯзгори забони арабӣ ва фанҳои мантиқ ва фалсафаи Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ будааст.
Солҳои 2010–2013 ба корҳои шартномавии ғайридавлатӣ машғул будааст. Аз соли 2013 то моҳи марти соли 2019 дар вазифаи котиби Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиев кор кардааст.
Аз 6 марти соли 2019 то имрӯз ба ҳайси мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Рошткалъа фаъолият менамояд.
Барои хизматҳои бисёрсолаи илмӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳои Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ шудааст.