Раиси ноҳия

Сафарзода Лашкар Аслам 17 июли соли 1978 дар деҳаи Сармайдони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Таҳсилоти миёнаи умумиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод гирифта, онро соли 1995 хатм намудааст.

Соли 1996 ба факултети фермерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дохил шуда, соли 2001 онро бо ихтисоси фермер-менеҷер хатм кардааст. Баъдан, бо мақсади гирифтани маълумоти дуюм, соли 2017 ба факултети идораи замин ва геодезияи ҳамин донишгоҳ дохил шуда, соли 2021 таҳсилашро бо ихтисоси заминсозӣ анҷом додааст.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 1998 дар хоҷагии «Бӯстон»-и деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, то соли 2002 дар вазифаҳои сариҷоракор, бригадир ва агрономи соҳавӣ фаъолият кардааст.

Соли 2002 корашро дар Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси Раёсати таҳияи сиёсати ягонаи замин идома дода, то соли 2018 дар мансабҳои сармутахассис, мудири бахш ва муовини сардори ҳамин раёсат фаъолият намудааст.

Солҳои 2018–2019 раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод буда, аз моҳи феврали соли 2019 то соли 2020 мудири Бахши таҳияи сиёсати ягонаи замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардааст.

Аз моҳи марти соли 2020 то моҳи октябри соли 2022 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Минбаъд, аз моҳи октябри соли 2022 то моҳи январи соли 2024 ба ҳайси муовини сардори ҳамин раёсат фаъолият намудааст.

Аз 27-уми январи соли 2024 Сафарзода Лашкар Аслам ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рошткалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон