Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2024
10-уми июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Чоршанбиев Ҳабиб, муовини якуми раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони идораву муассисаҳо ва дигар нафарони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа Шофақир ба тариқи маҷозӣ иштирок намудаанд.
Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Лашкар маҷлиси фаъолони ноҳияро ҳусни оғоз бахшид ва сипас, муовини раиси ноҳия Вафобек Ниёзмамадов оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2024 баромад намуд.
Қайд карда шуд, ки мардуми сарбаланди ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Сокинони шарафманди ноҳия бо масъулияти баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳаёти иҷтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.
Сипас, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа Шофақир аз фаъолияти як қатор ташкилоту муассисаҳо пурсон шуда, ба масъулин бобати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои қатъӣ додаанд.
Дар ҷараёни маҷлис Раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Лашкар доир ба камбудиҳои як қатор соҳаҳо изҳори назар карда, барои ислоҳи онҳо масъулинро вазифадор намуданд. Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои ободонию созандагӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ ва иҷрои саривақтии нақшаи андоз ба масъулин супоришҳо додаанд.
Дар охир, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Чоршанбиев Ҳабиб фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро таҳлил намуда, вобаста ба маърифати экологӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ибрози андеша намудаанд.