ҚАБУЛИ АРЗУ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА
Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” 1 июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Сафарзода Лашкар баргузор гардид.
Имруз сокинони ноҳияи Роштқалъа доир ба масъалаҳои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳалли баҳси замин, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, масъалаҳои оилавӣ, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Зимни гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон Раиси ноҳия муроҷиат ва дархосту шикояти онҳоро қабул намуда, бобати ба қайд гирифтани муроҷиатҳо ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.