Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши хадамоти муҳоҷират, ФМД, инчунин Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир вохӯрии муштараки тарбиявӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли тоҷикон муаррифӣ карданд. Зикр гардид, ки Парчами миллӣ барои ҳар шаҳрванди кишвар рамзи ҳувияти миллӣ, ваҳдати мардумӣ ва таҷассумгари ғояҳои ватандӯстиву худшиносии тоҷикон мебошад.
Гуфта шуд, ки таҷлили чунин рӯзҳои муқаддас ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми кормандон нисбат ба арзишҳои давлатӣ саҳми муҳиме мегузорад. Зимни суҳбат масъулон ҷиҳати иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, риояи интизоми меҳнатӣ ва тақвияти маърифати шаҳрвандӣ таъкид карданд.
Дар анҷом, иштирокчиён нақши Парчами давлатӣ дар рушду суботи ҷомеа, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва таҳкими дастовардҳои давлатдории навинро муҳокима намуда, изҳори миннатдорӣ карданд, ки чунин чорабиниҳо дар таҳкими тафаккури миллӣ ва рӯҳияи созандагӣ таъсири мусбат доранд.


