You are currently viewing БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Санаи 5 июл тибқи ҷадвали Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯро дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ҷаласа баргузор карда шуд.
Дар кори Шӯро муовини раиси ВМКБ муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар ва муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ Ҳ.Қаландариён ширкат намуданд.
Ҳамзамон, дар кори Шӯро муовинони раиси ноҳия Хуромонов Оқилшо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва аъзои Шӯро иштирок намуданд.
Кори Шӯро бо сухани ифтитоҳии Хуромонов Оқилшо муовини раиси Шӯро оғоз гардид.
Нахуст бо ҷонибдории аъзои Шӯро рӯзномаи ҷаласа тасдиқ гардид. Тибқи рӯзнома масъалаи интихоби раис ва ҳайати нави Шӯро баррасӣ карда шуд. Пешниҳод карда шуд, ки бинобар ба миён омадани тағйироти кадрӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи Шӯро ва аъзои Шӯро тағйирот ворид карда шавад.
Баъдан, муовини раиси ноҳия Хуромонов Оқилшо ҳисоботи Шӯроро дар соли 2023 ироа намуд. Гуфта шуд, ки дар ин давра аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа дар тамоми чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, ҳамоишу мулоқоту суҳбатҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ фаъолона ширкат намуда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштанд. Мавсуф оид ба дигар паҳлуҳои фаъолияти аъзои Шӯро ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Аз руи масъалаи тасдиқи нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, мудири шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеа – котиби Шӯро – Хушқадамов Ҷовид ахборот дод.
Дар кори Шӯро муовини раиси Шӯро дар ВМКБ Ҳ.Қаландариён суханронӣ намуда қайд кард, ки Шӯрои мазкур бо сарварии Роҳбари давлат раиси Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар таҳкими истиқлолият, пойдории Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвар волоияти қонун ва корҳои ободию созандагии кишвар ба роҳ монда, дар муддати кӯтоҳтарин тавонист Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои шинохтаи дунё табдил дод.
Дар охир, муовини раиси ВМКБ муҳтарам Абдулназарзода Абдулназар андешаронӣ намуда, оид ба нақши Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар густариши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолият ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ибрози назар намуд. Зикр карда шуд, ки дар баробари саҳми арзишманди аъзои Ҳаракат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии аҳолӣ мебояд корҳо ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб тақвият бахшида шавад.

Leave a Reply