Давлат –кафили таъмини амният аст
Аъзоёни ташкилоти террористӣ- экстремистии Њизби наҳзат бо пуштибонии доираи манфиатҷӯ даст ба амалҳое заданд, ки тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол бурд. Инчунин, таҳти сарпарастӣ ва маблағгузории он дастҳои ноаён бо ҷалби мардуми ноогоҳ ба сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ вусъат бахшида, хостанд пояҳои қудратро дар ин минтақа заиф гардонанд. Ин ва як қатор фаъолиятҳое, ки ба объектҳои амният хатар эҷод мекунанд, мазмуни фаъолияти субъекти таъмини амниятро муайян мекунад. Дар чунин ҳолатҳо давлат ҳамчун ягона субъекти таъмини амният барои ҳифзи объектҳои амният метавонад, тамоми роҳҳоро истифода намояд.
Борҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмӣ ва ғайрирасмӣ ба саркардагон ва аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати риояи қонунҳо муроҷиат карда буд, вале ба ин даъватҳои ҳукумат гӯш надода, ҳатто ба тазоҳуроти оммавӣ даст заданд. Сарпечӣ кардани ин тоифа маънои онро дошт, ки кадом доираи қудратманде дар пушти онҳо меистад ва аз нооромии авзоии сиёсӣ дар кишвар манфиатдор аст. Маҳз барои пешгирии паҳншавии доманаи эътирозҳо ва таъмини амният дар дохили кишвар давлат маҷбур шуд, “амалиёти безараргардонӣ” – ро оғоз намояд. Ҷуз ин дигар роҳи ҳалли масъала боқӣ намонда буд. Зеро нооромӣ дар дохили кишвар ба зиёдшавии таҳдиду хатарҳои беруна оварда мерасонад.
Аз чунин вазъият метавонанд кишварҳои манфиатҷӯ истифода намуда, ҷиҳати татбиқи барномаҳои худ Тоҷикистонро вориди бозиҳои сиёсии худ кунанд. Чӣ тавре, ки бо таҳрик Украинаро ҳамчун “полигон” истифода бурда истодаанд, Тоҷикистонро низ метавонанд, барои дигар манфиатҳои геополитикии худ истифода баранд. Маҳз барои ҳамин, ин қазия ҳатто дар сатҳи Парлумони Аврупо мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҳар зовия ҷиҳати он изҳори назар намуда, кишвари моро ҳамчун саркӯбгари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муаррифӣ карда истодаанд. Вале чунин шеваи баён ба мо бегона нест. Зеро, абарқудратон дар ҳар кишваре, ки дунболи манфиат мегарданд, аз силоҳи асосии худ, яъне “демократия” истифода мекунанд.
Дар чунин шароити ҳассос ягона кафили таъмини амният дар Тоҷикистон худи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳеҷ як давлат ва ё ташкилоте наметавонад, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намояд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои кишвар ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ба роҳ мондааст ва дар фаъолияти он ҳеҷ нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба мушоҳида намерасад.
Зикирзода Њ,
коршиноси масоили сиёсӣ