Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас, дар ноҳияи Роштқалъа муассисаи таҳсилоти томактабии «Офтобак» барои 200 кӯдак бунёд гардида, ба истифода дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зимни шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ, ба таври фосилавӣ муассисаи мазкурро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.