Гармхонаи замонавӣ — қадами устувор дар роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ.

Гармхонаи замонавӣ — қадами устувор дар роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ.
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Роштқалъа гармхонаи замонавӣ ба таври маҷозӣ аз тарафи Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бунёди чунин иншооти муҳими кишоварзӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ иқдоми назаррас ба шумор меравад. Гармхонаи мазкур имкон медиҳад, ки бо истифода аз усулҳои муосири парвариш дар тамоми фаслҳои сол сабзавоти тару тоза истеҳсол гардида, талаботи бозори дохилӣ то андозае қонеъ карда шавад.
Бо дарназардошти иқлими хоси кӯҳистон, бунёди гармхонаҳои замонавӣ барои сокинони ноҳияи Роштқалъа имконияти мусоид фароҳам оварда, дар самти истифодаи самараноки замин, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мегузорад.

Leave a Reply