You are currently viewing Ноҳияи Роштқалъа чун анъана нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи аввали маъракаи даъват 102 фоиз иҷро намуд.

Ноҳияи Роштқалъа чун анъана нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи аввали маъракаи даъват 102 фоиз иҷро намуд.

Ин дастоварди назаррас бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва масъулиятшиносии ҷавонони сарбаланди ноҳия буда, аз тарбияи дурусти насли ҷавон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ шаҳодат медиҳад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва кафили амнияту суботи кишвар дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватан нақши муҳим доранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони бонангу номус мактаби ҷасорату мардонагӣ, интизому масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу давлат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҷавонони Роштқалъа бо дарки ин масъулияти муқаддас ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта, омодагии худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва оромии ҷомеа нишон медиҳанд.
Иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввали маърака натиҷаи ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, сохторҳои дахлдор, падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарбиявию ватандӯстӣ ва омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аҳаммияти хосса доранд.
Ҷавонони имрӯз ворисони арзандаи насли шуҷоъ ва далери гузашта буда, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатро қарзи муқаддаси худ медонанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо уҳдадории конститутсионӣ, балки нишонаи муҳаббату садоқат ба Ватан ва ифтихори ҳар як ҷавони худогоҳ мебошад.
Иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввали маърака дар ноҳияи Роштқалъа идомаи анъанаи неки ватандӯстӣ ва нишонаи масъулияти баланди ҷавонон дар назди давлату миллат буда, барои насли наврас намунаи ибрат ба шумор меравад.
Хизмат ба Ватан шараф аст! Ҳифзи марзу буми кишвар қарзи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.

Leave a Reply