You are currently viewing Паёми табрикотии раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Сафарзода Лашкар бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон

Паёми табрикотии раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Сафарзода Лашкар бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон

Паёми табрикотии раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Сафарзода Лашкар бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон

Паёми табрикотии раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Сафарзода Лашкар бахшида ба 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон

Ҳамдиёрони азиз,
Меҳмонону сокинони сарбаланди ноҳияи Роштқалъа!

Бо ифтихор аз ҳуввияти ватандорӣ мо имрӯз зери осмони софу беғубор, сулҳу оромӣ 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот ба сокинони шарафманди ноҳия, сари баланду нерӯи тоза ва комёбиҳои навро орзу намуда, ҷашни бузурги 34-солагии Истиқлоли давлатиро ба хурду бузурги ноҳия ва дар шахсияти онҳо ба тамоми мардуми меҳнатдӯсту меҳнатқарини Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният мегӯям.

Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин ва сарвати бебаҳоест, ки аз ормонҳои чандинҳазорсолаи гузаштагонамон бармеояд.

Ҳарчанд ки баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баъзан кишварҳои собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле ба осонӣ соҳиби мустақилият гардиданд, вале аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ, хоинони давлат сулҳу суботи миллату кишвари моро намехостанд, ба ҳар роҳу восита монеа эҷод менамуданд.

Дар ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор ҳаммиллатони моро аз зиндагӣ маҳрум сохта, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари ҷиддӣ расонид. Мутаасифона, ҷароҳатҳои ин ҷанг то кунун дар тани ин-миллат марҳам наёфтанд.

Бо гузашти чанд даҳсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун лидери сиёсӣ ва фарзанди вафодору ватансози миллати точик, тавонистанд тамоми орзую ормонҳои давлатдории миллиямонро, ки дар қалби фарзонафарзандони миллат, ба мисоли Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо нафари дигар аз бузургони миллати тоҷик парвариш меёфтанд, дар амал татбиқ намуд.

Хушбахтона имрӯз дар саросари кишварамон сокинони шарафманду хуштолеи Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз аз ин неъмати бебаҳо бархурдор буда, зери ҳидоятҳои инсондӯстона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ рӯзгорашонро сипарӣ намуда истодаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа дигаргуниҳои куллие рӯи кор омада, маркази он ба як шаҳраки зебо табдил ёфтааст, ки аз истиқлол то истиқлол ин зебогиву шукуфоӣ боз афзоиш ёфтааст. Асоси дастоварду пешравиҳои мо аз ташриф ва ҳидояту дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа сарчашма гирифта, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас ба ҳар як сокини ноҳия илҳоми тоза бахшидаанд. Соли равон зимни сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Роштқалъа иншооти гуногун, аз қабили Парки технологӣ иборат аз 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва нуқтаи хизматрасонӣ, беморхонаи сироятӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии “Шоҳдара ” ва дигар иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Алҳол бошад дар ноҳия рафти сохмони иншоотҳои гуногун, аз қабили кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳия идома ёфта, сохмони беморхонаи чор ошёна бо сифати баланд дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки ин шукуҳу шаҳомати ноҳияи Роштқалъа минбаъд низ афзоиш дорад, зеро ноҳияи Роштқалъа қадамҷойи мубораки Пешвои миллат аст.

Бигзор, роҳи рушди давлатдории навини миллӣ зери роҳбариву ҳидоятҳои Пешвои муаззам ва наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша шукуфон бод!

Роҳат сафед, умрат ҷовидон, давлатат поянда, иқболат баланд, озодиву истиқлолат бегазанд бод, Тоҷикистони азиз!

Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак,
Ҳамдиёрони азиз!